Дар ин бора Агентии муҳоҷирати назди Девони Вазирони Ӯзбекистон пас аз мулоқоти ҳайати намояндагони агентӣ ва Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бо муовини шаҳрдори Москва Мария Багреева ва кормандони Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷират (ММЦ) "Сахарова" дар шаҳри Люберетси вилояти Москва хабар дод.
Дар мулоқот масъалаҳои соддасозии расмиёти гирифтани иҷозати зист ва кор (патент) барои шаҳрвандони Ӯзбекистон, инчунин такмили фаъолияти филиали марказ дар Тошканд баррасӣ шуданд.
"Бо ҷониби Русия механизми ташкили имтиҳони забони русӣ таҳия шуд, ки барои гирифтани патент дар филиали ММЦ "Сахарова" дар кишвари мо зарур аст", - афзуданд дар агентӣ.