Тибқи иттилоъ, ҳамватани мо бинобар мушкилоти марбут ба ҳуҷҷатҳо ва вазъи вазнини молиявӣ ба намояндагии дипломатии мамлакатамон дар Теҳрон бо дархости кӯмак муроҷиат намудааст. Кормандони сафорат дар муҳлати кӯтоҳ барои бозгардонидани шаҳрванд ба Ӯзбекистон чораҳои заруриро амалӣ карданд.

Бахусус, дар ҳамкорӣ бо мақомоти расмии Эрон раводиди зарурии баромадан аз кишвар расмӣ гардонида шуд. Ҳамчунин, дар натиҷаи музокирот бо ширкати ҳавопаймоии «Zagros Air» барои парвози мустақими Теҳрон–Тошканд билети ҳавопаймо бо шартҳои имтиёзнок харидорӣ гардид. Ҳоло шаҳрванд сиҳату солим ба Ӯзбекистон баргаштааст.