Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ расмӣ гардида, барои бозгашти ӯ чиптаи ҳавопаймо харидорӣ карда шуд. Дар ин бора хабаргузории «Дунё» иттилоъ медиҳад.
Ҳамватани мо моҳи июли соли ҷорӣ бо мақсади пайдо кардани ҷойи кор ба Беларус сафар карда буд. Аммо баъди расидан ба шаҳри Минск алоқаи ӯ бо шахсе, ки ҷойи кор пешниҳод карда буд, қатъ гардид ва ӯ бидуни имкони молиявӣ барои зиндагӣ ва бозгашт ба Ӯзбекистон монд.
Пас аз расмӣ намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, Сафорат дар ҳамкорӣ бо Агентии муҳоҷирати назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҳисоби маблағҳои Фонди муҳоҷират барои шаҳрванд чиптаи ҳавопаймо харидорӣ намуд.
24 июл М.Т. бо рейси ширкати ҳавопаймоии «Белавиа» аз рӯйи хатсайри Минск – Тошканд саломат ба Ватан баргашт.