Дар
ибтидои суҳбат сарвари Блорус роҳбари кишвари моро бо зодрӯзаш самимона
муборакбод намуда, ба ӯ саломатии пойдор, нируи мустаҳками ҳаётӣ, дар кори
давлатиаш комёбиҳои нав, ба халқи сермиллати Ӯзбекистон бошад, сулҳу салоҳ ва
шукуфоӣ орзу кард.
Масъалаҳои
рӯзмарраи амиқсозии минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ дар ҳошияи татбиқсозии
муоҳидаҳои сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Минск 8-9 июли соли равон
баррасӣ шуданд.
Робитаҳои
сермаҳсул дар дараҷаҳои гуногун бо қаноатмандӣ таъкид гардид. Ҳаҷми мубодилаи
мол мустақимона меафзояд. Лоиҳаҳои кооператсионӣ дар соҳаҳои асосӣ татбиқ
мегарданд.
Муҳимияти
идома додани алоқаҳои фаъоли байниминтақавӣ ва табодули робитаҳои фарҳангиву
инсонпарварӣ таъкид карда шуд.