Гурӯҳи рассомони хориҷӣ ба Бухоро ва Ҷиззах сафар карданд

    Сайёҳӣ 1 Avgust 2022 819

    Ҳоло дар кишвари мо ба ҳамоиши СҲШ ва намоишгоҳи бадеӣ, ки дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш ба нақша гирифта шудааст, омодагӣ ҷараён дорад. Маҳз бо ҳамин мақсад рассомони боистеъдод аз кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Ӯзбекистон даъват шуданд.

    Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии "Роҳи абрешим"-и Самарқанд онҳо суратҳои маконҳои ба ҷаҳон машҳур ва беназири кишварамонро меофаранд. .

    Аз 15 то 30 июли соли ҷорӣ ба гӯшаю канори ҷумҳурӣ сафарҳои устодони рассомӣ ташкил карда шуданд. Аз ҷумла, рассомон ба вилоятҳои Бухоро ва ҷиззах ташриф оварданд.

    21-22 июл гурӯҳи эҷодии иборат аз 14 нафар рассомони хориҷӣ дар Бухоро меҳмон шуданд. Дар ҷараёни сафар рассомон аз қисмати қадимии шаҳр ва марказҳои ҳунармандии Бухоро дидан намуда, ашёҳои қадимаи мероси фарҳангиро аз назар гузарониданд.

    25 июл ҷамоаи эҷодӣ ба ноҳияи Зомин сафар кард. Рассомон бо мавзеъҳои ҷолиби Зомин, аз қабили мактаби «Касбҳои оянда», Майдони Хотира, масҷиди Нурониҳо ва масҷиди ҷомеи «Маърифатли» шинос шуданд.

    Табиати зебоманзари Зомин ва манзараҳои кӯҳсор ба ҷамоаи эҷодӣ таассуроти мусбат бахшид:

    "Ҳатто вақте ки мо ба баландтарин нуқтаи кӯҳҳо расидем, аз ҳамвор будани роҳҳо дар ҳайрат мондем. Дар ин ҷо барои сайёҳон тамоми шароит муҳайё шудааст, — гуфт рассом аз Тоҷикистон Фаррух Неъматзода. — Табиати нотакрори Зомин, ҷараёни ороми об, аркҳои зебо — ҳамаи инҳо кайфияти таскинбахш ба вуҷуд меоварад".

    Дар намоишгоҳ дар чаҳорчӯби ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой наққошиҳое, ки мавзеъҳои нотакрори кишвари моро тасвир карда, аз ҷониби рассомони хориҷӣ офарида шудаанд, ба намоиш гузошта мешаванд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates