Аввалин парвози боркашон ба Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд 6 июни соли 2024 бо навъи нави ҳавопаймои ARJ21-700 аз истеҳсолкунандаи чинии Comac ба нақша гирифта шудааст.

Қаблан YTO Cargo Airlines бо ҳавопаймоҳои Boeing 757 ба Тошканд парвозҳои чартерӣ анҷом дода буд, ки ба истифода додани ҳавопаймоҳои истеҳсоли Чин ARJ21-700 имкониятҳои ширкати ҳавопаймоиро васеъ намуда, ҳамкориҳоро бо «Uzbekistan Airports» пурсамар мегардонад.

Барои маълумот: YTO Cargo Airlines як ширкати ҳавопаймоии боркаши чинӣ мебошад, ки қароргоҳаш дар Ҳанчжоу ҷойгир аст.