баннер
24 Apr 2025
08:18

    Намоишгоҳи саноатии минтақавӣ ба майдони лоиҳаҳои умедбахши ҳамкорӣ ва савдо табдил ёфт

    Президент Шавкат Мирзиёев аз ярмаркаи саноатии минтақавии вилояти Андиҷон дидан кард.

    Дар ин ҷо қариб 500 намуди маҳсулоти 110 корхона ба намоиш гузошта шудааст. Аз ҷумла, лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаҳои мошинсозӣ, бофандагӣ, техникаи барқӣ, технологияҳои рақамӣ, масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, гулпарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, моҳипарварӣ ва дигар бахшҳо гузошта шудаанд.

    Сарвари давлат бо анвои гуногуни маҳсулот ва коркардҳои пешқадам, ки дар вилоят истеҳсол мегарданд, шинос шуд, бо ташаббускорони онҳо мулоқот кард. Зарурати дастгирии таҷрибаҳои беҳтарин ва оммавигардонии онҳоро дар саросари ҷумҳурӣ таъкид кард.

    Бо ин мақсад ба ярмарка масъулон ва соҳибкорони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд даъват шудаанд. Онҳо дар бораи истеҳсоли якҷояи маҳсулот, масъалаҳои ҳамкорӣ ва хариду фурӯш табодули афкор менамоянд.

    Ҳоло дар вилояти Андиҷон беш аз 11 ҳазор корхонаи саноатӣ мавҷуд. Ҳиссаи онҳо дар саноати ҷумҳурӣ беш аз 10 дарсад аст.

    Бахусус, дар минтақа 47-то минтақаи саноатӣ таъсис ёфтааст. Дар онҳо 1000 лоиҳа ба маблағи 2,3 триллион сӯм татбиқ гардида, 18 ҳазор нафар бо кор таъмин шудаанд. Соли 2024 дар ин минтақаҳо ба маблағи 1 триллион сӯм маҳсулот истеҳсол шуда, ҳаҷми содирот қариб 31 миллион долларро ташкил дод.

    Ҳоло 288 лоиҳаи сармоягузорӣ бо арзиши умумии 1 миллиард доллар дар раванди татбиқ аст.

    Аз ҷумла, соли равон 119 лоиҳа татбиқ гардида, таъсиси беш аз 4 ҳазор ҷойи нави кор дар назар аст. Ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ ба 47 миллион доллар расонида мешавад.

    Пас аз сафари соли гузашта аз ноҳияи Олтинкӯл 16 гектар замин ҷудо гардида, маҷмааи истеҳсоли мебалҳо бо усули кластер ташкил гардида буд. Дар ин ҷо беш аз 100 устохона, 236-то шоурум ва нуқтаҳои савдо ҷойгир аст.


    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech