Вазифаҳои муҳими назди Ҳукумат ва вазоратҳо муайян шуданд

    Ҳукумат 30 Dekabr 2022 6981

    Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 30 декабар бахшида ба масъалаҳои татбиқи ислоҳоти маъмурӣ, тағйир додани сохтор ва низоми кори Ҳукумат, вазифаҳои муҳимтарини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2023 ҷамъомад баргузор гардид.

    Дар оғози ҷаласа таиноти нав ба вазифаҳои муовини Сарвазир ва вазирон, ки тибқи фармону қарорҳои Президент сурат гирифтаанд, эълон шуд. Масъалаҳои муҳими соҳаҳое, ки онҳо мутасаддӣ мебошанд, масъулият ва ҷавобгарӣ дар назди халқи мо нишон дода шуданд.

    Таъкид шуд, ки сарфи назар аз душвор омадани сол, дар иқтисодиёт натиҷаҳои мусбат ба даст оварда шуданд. Аз ҷумла, соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 5 фоиз афзуд. Ҳаҷми содирот 14 дарсад афзуда, 19 миллиард долларро ташкил дод. Ба иқтисодиёт 8 миллиард доллар сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд.

    Дар соҳаи иҷтимоӣ мақсадҳои зиёд кардани шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии аҳолӣ вазифаи аввалиндараҷа боқӣ мемонанд. Имсол дар таърихи мо бори аввал андозаи нафақа ва кумакпулии иҷтимоӣ ба дараҷаи на камтар аз хароҷоти камтарини истеъмолӣ расид. Барои беҳбуди инфрасохтори маҳаллаҳо ва ҳалли мушкилоте, ки солҳои тӯлонӣ мардумро ба ташвиш овардааст, маблағҳои зиёд равона карда шуданд. Ба зиёда аз 2 миллион оилаи камтаъмин ёрии иҷтимоӣ расонда мешавад. Дар минтақаҳо муассисаҳои таълимию тиббӣ, шабакаҳои оби нушокӣ, роҳҳо сохта мешаванд.

    Дар ҷамъомад вазифаҳо оид ба таъмини афзоиши муътадили иқтисодиёт дар соли оянда муҳокима шуданд. Аз ҷумла, мақсад гузошта шуд, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноат бештар аз 5 фоиз, хоҷагии қишлоқ — 3 фоиз, хизматрасонӣ — 14 фоиз зиёд карда шавад.

    Ба Вазорати иқтисодиёт ва молия супориш дода шуд, ки шароити пеш бурдани тиҷорат, васеъ намудани пойгоҳи андозситонӣ, баланд бардоштани қобилияти харидории аҳолиро беҳтар гардонад.

    Дар назди Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо вазифа гузошта шуд, ки ҳосилнокии меҳнатро дар соҳаҳои бузурги саноат баланд бардорад, иқтидори минтақаҳои ғайрисаноатиро омӯзад ва «нуқтаҳои афзоиш»-и онҳоро ба кор дарорад. Таъкид гардид, ки танҳо сармоягузорӣ ва содирот ба пеш бурдани иқтисод қодир аст ва зарур аст, ки соли оянда ҳаҷми содирот ба беш аз 23 миллиард доллар расонида шавад. Зимнан зикр гардид, ки беш аз 300 лоиҳаи арзиши умумиаш 8 миллиард доллар ба роҳ монда шуда, 40 лоиҳаи нави бузург роҳандозӣ шудааст.

    Дар соҳаи нақлиёт барои беҳтар намудани хидматрасонии мусофиркашонӣ, тартиб додани харитаи рақамии ҳамаи роҳҳо, беҳтар намудани хидматгузорӣ дар роҳ тадбирҳо муайян карда шуданд.

    Ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, инкишофи илм, туризм, маданият ва спорт диққати махсус дода шуд. Зарурати решакан кардани коррупсия дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва дорусозӣ, мунтазам кор бурдан бо мизоҷони ба кумаки давлат эҳтиёҷманд зикр гардид.

    – Вазирон бояд дар болои худ беист кор кунанд, худ ва тамоми низомро тағйир диҳанд. Ҳамаи моро лозим аст, ки бо ҳисси ҳамтақдирӣ ва муҳаббат ба халқ фидокорона меҳнат кунем. Мақсади ниҳоии мо ин аст, ки халқамонро қаноатманд гардонем, – гуфт Президент.

    Дар ҷамъомад, ки дар руҳи танқидӣ гузашт, камбудиҳое, ки соли ҷорӣ роҳ дода шудаанд, чораҳои дахлдор муайян карда шуданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates