Масъалаҳои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокӣ баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 22 Sentabr 2023 4701

    Президент Шавкат Мирзиёев 22 сентябр оид ба масъалаҳои таъмини аҳолӣ бо оби хушсифати нӯшокӣ ҷамъомад баргузор намуд.

    Дар мамлакати мо, аз ҷумла дар минтақаҳо барномаҳои зиёди иҷтимоӣ татбиқ мегарданд, ки ба таҳкими сиҳатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ нигаронда шудаанд. Аз ҷумла, дар шаш соли охир аз буҷаи давлат ба соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ 14 триллиону 500 миллиард сӯм ҷудо шудааст, ки назар ба пештара шаш баробар зиёд мебошад. Ба 31 ҳазор километр шабакаи таъминоти оби нӯшокӣ ва канализатсия гузаронда, 1,2 ҳазор иншооти таъминоти об сохта ва таъмир карда шуд. Дар натиҷа бори аввал ба хонадони 6,5 миллион нафар аҳолии ҳазор маҳалла оби тозаи нӯшокӣ омад.

    Дар баробари ин бояд таъминоти оби нӯшокӣ дар 30 ноҳия ва 1,4 ҳазор маҳалла беҳтар карда шавад. Барои онҳо бояд манбаъҳои оби тозаро пайдо кард.

    Дар бисёр мавридҳо об беҳуда истифода шуда, ҳисобу китоби истеъмоли он мавҷуд намебошад. Баъзе насосҳо, техникаи махсуси корхонаҳои соҳа ба навсозӣ эҳтиёҷ доранд.

    Ин ва дигар мушкилот имрӯз дар рафти ҷамъомад, ки дар рӯҳи танқидӣ гузашт, мавриди муҳокима қарор гирифта, чораҳои зарурӣ муайян шуданд.

    Дар назди ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзсувтаъминот» вазифаи то охири соли ҷорӣ бунёд ва таъмир кардани 12 ҳазор километр шабака ва 1,3 ҳазор иншооти обтаъминкунӣ гузошта шуд. Ба туфайли ин 1 миллиону 100 ҳазор сокинони 145 маҳалла бори нахуст ба оби нӯшокии мутамарказ дастрасӣ пайдо намуда, дар 2 ҳазор маҳалла таъминоти об беҳтар мегардад.

    Ба ҳокимони вилоятҳо супориш дода шуд, ки якҷоя бо депутатҳои халқӣ барномаи таъминоти обро барои соли оянда таҳия намуда, ба ҳукумат тақдим созанд. Зарурати диққати махсус додан ба 30 ноҳияи сатҳи таъминоти обашон паст қайд гардид.

    Татбиқи чунин лоиҳаҳо аз қабили беҳтар гардондани таъминоти об дар ноҳияи Қӯшработ, таҷдиди низоми шабакаи обгузар дар шаҳрҳои Бухоро ва Ҷиззах, канализатсия дар шаҳрҳои Гулистон, Янгиер ва Ширин баррасӣ шуд.

    Кор оид ба оптимизатсияи хароҷот дар Бухоро намунавӣ номида шуд. Ҳамин тариқ ҳангоми татбиқи лоиҳаи таҷдиди низоми шабакаи обтозакунӣ ва канализатсияи шаҳри Бухоро, ки 281 миллион доллар арзиш дорад, 75 миллион доллар сарфа карда шуд. Ба ин маблағ боз 1150 километр қубури об ва 117 километр шабакаи канализатсия сохтан мумкин аст.

    Аҳамияти оптимизатсия кардани хароҷот дар дигар лоиҳаҳо, ба беҳдошти низоми таъминоти об ва канализатсия дар ноҳияҳое, ки лоиҳаҳо татбиқ мегарданд, равона намудани маблағҳои сарфашуда зикр гардид.

    Ба шахсони масъули соҳа ва ҳокимони ноҳияҳо оид ба ҷанбаҳои техникиву иқтисодии 24 лоиҳаи пешомаднок супоришҳо дода шуданд.

    Инчунин оиди ба аналогҳои каммасраф иваз кардани насосҳо ва аз ҷиҳати молиявӣ барқарор гардондани корхонаҳои соҳа чораҳо муайян шуданд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates