Ифодаи равшани дӯстии абадӣ ва самимонаи халқҳои ду кишвар

    Ҳукумат 10 Iyun 2021 6604

    Президент Шавкат Мирзиёев дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гул гузошт.

    Сипас дар Қасри санъати “Кохи Борбад” бо иштироки устодони санъати Ӯзбекистон ва Тоҷикистон консерт баргузор гардид.

    Дар чорабинӣ фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Мукофоти олии давлатии Тоҷикистон -- ордени "Зарринтоҷ" ("Тоҷи тиллоӣ") дараҷаи аввал барои хидматҳои барҷаста дар рушди ҳамкории кишварҳои мо қироат карда шуд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин мукофотро ба сарвари давлати мо ботантана супурд.

    Пешвои Ӯзбекистон бо изҳори миннатдорӣ таъкид намуд, ки чунин мукофоти олӣ ифодаи эҳтиром ва эътимоди бузург, эътироф ва арзёбии кӯшишҳои муштарак оид ба таҳкими риштаҳои чандинасраи бародарӣ ва ҳамсоягии неки байни халқҳоямон мебошад.

    Таъкид гардид, ки кишварҳои мо ҳамсояи наздиканд, замину оби муқаддас, дини халқҳоямон як аст, таъриху сарнавишт, ташвишу шодкомиҳояшон муштараканд.

    -- Бо дастгирии якдигар, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мо метавонем ба парвозҳои баландтарин, ба ҳадафҳои азизтаринамон бирасем. Мо бояд ҳамеша такягоҳи якдигар бошем, китф ба китф истода, ҳама мушкилот ва озмоишҳоро паси сар кунем, -- гуфт Президенти Ӯзбекистон.

    Дар солҳои охир дар муносибатҳои дуҷонибаи мо дигаргуниҳои азим ва таърихӣ ба амал омаданд. Имрӯзҳо онҳоро дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ миллионҳо одамон ҳам дар Ӯзбекистон ва ҳам дар Тоҷикистон эҳсос мекунанд, қайд кард сарвари давлати мо.

    - Ин таҷассуми модели нав, фазои комилан нави муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мебошад. Муҳимтар аз ҳама, тамоми кӯшишҳо ва корҳои амалии мо ба манфиатҳо ва орзуҳои ҳаётан муҳими халқҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон пурра ҷавобгӯ мебошанд, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Роҳбари Ӯзбекистон қайд кард, ки консерти муштараки устодони санъати ду кишвар ба анъанаи хубе, ки рамзи дӯстии абадӣ ва самимонаи ӯзбеку тоҷик мебошад, табдил ёфта, санъат дар наздик гардондани халқҳо нақши муҳим мебозад.

    -- Гарчанде сарҳадгузорӣ ба инсон хос бошад ҳам, санъат ҳудудро намедонад, вазифаи бузурги он муттаҳид кардани мардум аст. Ба якдигар наздик шудан, дар сулҳ ва ҳамфикрӣ зиндагӣ кардан орзуи дерина ва саъйи самимонаи халқҳои мост. Мо, роҳбарони ду кишвар, минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, то сарҳадҳои байни мо на барои аз ҳам ҷудо кардани мо, балки барои муттаҳид кардани мо низ хидмат кунанд.

    Вазифаи умумии мо нигоҳ доштани сулҳ ва оромӣ, таъмини рушди устувор ва собитқадамонаи кишварҳоямон ба хотири наслҳои оянда мебошад, -- таъкид кард Президенти Ӯзбекистон.

    Дар консерти рангоранг ҳунармандони боистеъдоди ӯзбек ва тоҷик сарват, гуногунӣ, асолати худ ва дар айни замон муштаракияти фарҳангҳои моро намоиш доданд.

    Сафари расмии Президент Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон идома дорад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates