Илҳом Алиев гузаронидани машқҳои муштараки низомии кишварҳои туркиро пешниҳод кард

    Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар суханронии худ дар саммити сарони кишварҳои узви Созмони давлатҳои туркӣ (СДТ) пешниҳод кард, то соли 2026 дар Озарбойҷон машқҳои муштараки низомии кишварҳои узви СДТ гузаронида шавад.

    "Бо назардошти ҳамкориҳои густурдаи кишварҳоямон дар арсаҳои низомӣ, дифоъ ва амният (СДТ) пешниҳод менамоем, ки соли 2026 дар Озарбойҷон машқҳои муштараки низомии кишварҳои узви СДТ гузаронида шавад", - гуфт сарвари давлати Озарбойҷон.

    Саммити 12-уми СДТ, ки дар Габала доир гардид, самтҳои нави ҳамкориҳои байни кишварҳои туркиро муайян менамояд. Мавзӯи саммит сулҳ ва амнияти минтақавӣ мебошад. Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Ӯзбекистон узви созмон ҳастанд. Маҷористон ва Туркманистон мақоми нозирро доранд. Қароргоҳи марказии СДТ дар Истамбул ҷойгир аст, хабар медиҳад ria.ru.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates