Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, Дабири кулли Созмони давлатҳои турк, инчунин вазирони корҳои хориҷии Венгрия ва Кипри Шимолӣ ҳамчун нозир иштирок намуданд.
Дар мулоқот махсус таъкид карда шуд, ки бо ташаббуси роҳбарони давлатҳои дӯсту бародари турк ҳамкорӣ дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дар рушди маҷмааи сӯзишворӣ ва энергетика ба марҳилаи нав ворид мешавад.
Дар ҷараёни ҷаласа масоили рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, таъмини амнияти энергетикии минтақа ва ҷорӣ намудани манбаъҳои устувори энергия баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, масъалаҳои дастгирии лоиҳаҳои энергетикаи «сабз», ҳамгироии низомҳои энергетикӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки ҷаласаи навбатии — шашуми вазирони энергетикаи Созмони давлатҳои турк дар соли 2026 дар Ӯзбекистон баргузор гардад.








