Нисфирӯзии иммунӣ: чӣ гуна бояд пеш аз эмгузаронӣ аз COVID-19 дуруст тановул кард

    Тандурустӣ 7 Iyul 2021 687

    Олимон арзёбӣ карданд, ки чӣ гуна ғизои парҳезӣ пеш аз эмкунӣ ва пас аз он метавонад ба самаранокии кори низоми муҳофизатии организм, маҳз ба ҳосилшавии антитела таъсир расонад.

    Ба ғизои парҳезӣ бояд бо сафедаи камравған ва хӯрокҳои аз пробиотикҳо бой ва нахи хӯрокаашон бештар илова карда шавад. Дар ин бора менависад нашрияи "Известия".

    "Бояд аз тановули фастфудҳои каллорияашон баланд ва бо нутриентҳои барои организм зарурӣ ғанӣ гардонданашуда, , миқдори зиёди маҳсулоти қаннодӣ, хӯрокҳои аз ҳад зиёд ширин ё шӯр худдорӣ намудан беҳтар аст" -- маслиҳат дод корманди пешбари илмии Маркази тадқиқоти федералии ғизо ва биотехнология Иван Гмошинский.

    Вай чунин мешуморад, ки номгӯи таом бояд гӯшти камравған, маҳсулоти моҳӣ ва зироатҳои лӯбиёгиро дар бар гирад.

    Коршиносон инчунин қайд карданд, ки стресс тавассути гормони кортизол вокуниши масуниятро пахш мекунад. Барои коҳиш додани муташанниҷӣ истеъмоли нахи хӯрокворӣ тавсия дода мешавад. Сарчашмаҳои бойтарини онҳо меваҳои хушк, маҳсулоти ғалладона мебошанд.

    Ғайр аз ин, мутахассисон аҳамияти сафедаро дар ратсиони одамоне, ки ният доранд эм кунанд, қайд мекунанд ва аз истеъмоли шакар худдорӣ намуданро маслиҳат медиҳанд. Онҳо фаҳмонданд, ки ҳатто як бор тановул намудани хӯроки дар таркибаш қанд баланд метавонад бо афзоиши фаврии сатҳи ҳуҷайраҳое, ки илтиҳобро ба вуҷуд меоранд, алоқаманд бошад. Аз ин рӯ, дар давраи профилактикаи ваксинагирӣ бояд афзалият ба карбогидратҳои суст ҳазмшаванда бо индекси пасти гликемикӣ дода шавад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates