Бар асари суқути ҳавопаймои якмоторӣ дар штати Индиана чаҳор нафар ба ҳалокат расиданд

    Бар асари суқути ҳавопаймои якмоторӣ дар наздикии шаҳри Андерсони иёлоти Индианаи ИМА чор нафар ба ҳалокат расиданд.

    Дар ин бора портали Newsweek хабар додааст.

    Бино ба маълумоти мақомоти дахлдори маҳаллӣ, ҳавопаймо рӯзи ҷумъа тақрибан соати 6:45 аз фурудгоҳи Форт Доджи иёлоти Айова парвоз кардааст ва мебоист тақрибан соати 10 дар фурудгоҳи Андерсон фуруд ояд. Баъдтар маълум шуд, ки ҳавопаймо ба майдони ҷуворимакка афтодааст.

    Садорати федералии авиатсионии ИМА тасдиқ кард, ки дар ҳавопаймо чор нафар буданд ва касе зинда намондааст.

    report.az хабар медиҳад, ки сабабҳои ин ҳодиса омӯхта мешавад.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates