Тавре таъкид шуд, рушди босуръати Ҳиндустон дар солҳои охир ва боло рафтани нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ бевосита ба фаъолияти самараноки роҳбари кишвар вобаста аст. Ба шарофати барномаҳо ва стратегияҳои муваффақ Ҳиндустони муосир дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.

Ҳангоми супоридани мукофоти олии давлатӣ роҳбари давлати мо таъкид кард, ки ин қарор ифодаи эҳтироми амиқи давлат ва мардуми Ӯзбекистон ба саҳми бебаҳои Сарвазири Ҳиндустон дар таҳкими риштаҳои чандинасраи дӯстии ду халқ мебошад.

Дар натиҷаи сафари таърихии кунунӣ ва музокироти судманд, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муносибатҳои кишварҳои дӯст ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бароварда шаванд.

Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки ба шарофати талошҳои муштарак муносибатҳо дар соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт ва фарҳангиву гуманитарӣ ба сатҳи сифатан нав баромаданд.

Итминон изҳор гардид, ки ин мукофот ба рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд байни халқҳои Ӯзбекистон ва Ҳиндустон мусоидат хоҳад кард.

— Ман итминон дорам, ки ба шарофати саъю талошҳои муштарак муносибатҳои бисёрҷанба ва дарозмуддати мо минбаъд низ босуръат рушд хоҳанд кард, — таъкид намуд Президенти кишвари мо.