Дар ин бора раиси Созмони тадқиқоти кайҳонии Ҳиндустон (ISRO) Ви Р. Нараянан хабар дод.
“Миссия бо роботи гуманоид моҳи декабр баргузор мегардад”, – гуфт ӯ.
Роботи гуманоиди заншакл бо номи Воммитра (дар санскрит "Vyoma" – осмон, "Mitra" – дӯст) махсус барои парвози мустақилона дар капсула таҳия шудааст. Тахмин меравад, ки вай ҳамаи низомҳои асосии киштии кайҳониро, аз ҷумла низомҳои таъмини ҳаёт ва идоракунии парвозро дар шароити кайҳонӣ озмоиш мекунад.
“Агар ин миссия бо муваффақият анҷом ёбад, соли оянда боз ду парвози дигари бесарнишинро анҷом дода мешавад. Пас аз анҷоми ҳамаи санҷишҳо, миссияи асосии “Гаганян”, ки аз ҷониби Сарвазир Нарендра Моди эълон шудааст, моҳи марти соли 2027 амалӣ мешавад, гуфт роҳбари ISRO.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2018 сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди бори аввал эълон карда буд, ки кишвараш ният дорад экипажи миллии худро ба мадори замин фиристад. Чор узви он аллакай дар шаҳраки Ситорадори Русия такмили ихтисос намуда, ҳоло дар Ҳиндустон таҳсилро идома медиҳанд. Номи лоиҳа “Гаганян” (аз санскрит “гагана” – осмон) аст, ки маънои “киштии осмонӣ”-ро ифода мекунад, хабар медиҳад report.az.








