Ҳиндустон киштии кайҳониро ба рӯи Моҳ бомуваффақият фуруд овард

    Илм 24 Avgust 2023 1914

    Ҳиндустон киштии кайҳонии «Викрам»ро дар қутби ҷанубии Моҳ бомуваффақият фуруд овард. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбеи 23 август дар вебсайти Созмони пажӯҳишҳои кайҳонии Ҳиндустон хабар дода шудааст.

    Гуфта мешавад, ки намоиши фурудоӣ дар шабакаи расмии канали YouTube-и созмон пахш шудааст. Ҳиндустон аввалин кишваре шуд, ки киштии кайҳониро дар наздикии қутби ҷанубии моҳвораи Заминро бомуваффақият фуруд овард, менигорад «Профил».

    Истгоҳи кайҳонии Ҳиндустон «Чандраян-3» 14 июли соли 2023 ба кайҳон сар дода шуда буд. Аппарат 5 август ба мадори Моҳ баромад. Стансия барои наздик шудан ба маҳвораи Замин, то ки мадори он то 100 километр кам шавад, якчанд манёвр кард.

    Фурудойии аппарати «Викрам» мебоист бегоҳии 23 август cap мешуд. Ҳамин тариқ, Ҳиндустон чаҳорумин кишваре шуд, ки киштии кайҳонии он ба сатҳи Моҳ расид. Пештар чунин муваффақиятҳо дар кайҳонро ИМА, Чин ва ИҶШС ба даст оварда буданд.

    Стансия хок, кратерҳо ва изи фаъолнокии тектоникиро тадқиқ мекунад. Ғайр аз ин, аппарат ба Замин маълумот ва суратҳои маҳвораи сунъии Заминро мефиристад. Вазифаи киштии моҳвора барои 14 рӯзи Замин пешбинӣ шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates