Индонезия аъзои комилҳуқуқи БРИКС шуд

    Индонезия ба ҳайси аъзои комилҳуқуқ ба БРИКС пайваст.

    Дар ин бора дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Бразилия, ки аз 1 январ раёсати ин иттиҳодро ба зимма гирифт, гуфта мешавад.

    "Ҳукумати Бразилия имрӯз, 6 январ, дар бораи расман аъзои комилҳуқуқи БРИКС шудани Ҷумҳурии Индонезия хабар медиҳад", иттилоъ дод дафтари матбуоти вазорат.

    Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, ки номзадии Индонезия ҳанӯз дар саммити Йоханнесбург дар Африқои Ҷанубӣ дар моҳи августи соли 2023 аз сӯи роҳбарони кишварҳои иттиҳод тасдиқ шудааст. "Бразилия ҳукумати Индонезияро бо аъзои БРИКС шуданаш табрик мекунад. Индонезия, ки сернуфузтарин аҳолӣ ва иқтисодиёти бузургтарин дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дорад, барои ислоҳоти ниҳодҳои идораи ҷаҳонӣ бо дигар аъзои иттиҳод баромад намуда, дар таҳкими ҳамкорӣ дар ҷануби ҷаҳонӣ саҳми мусбат мегузорад", зикр мешавад дар ҳуҷҷат.

    Қаблан дар ВКХ Русия хабар доданд, ки аз соли 2025 як қатор давлатҳо ба сифати кишварҳои шарики иттиҳод ба БРИКС ҳамроҳ хоҳанд шуд, ки аз ҷумла дар байни онҳо Индонезия номбар шуда буд. Шарикони дигар Белорус, Боливия, Қазоқистон, Куба, Малайзия, Таиланд, Уганда ва Ӯзбекистон эълон шудаанд, хабар медиҳад tass.ru.