Роҳбари давлатамон дар ҷамъомади умумии чорабинӣ дар андозаи «БРИКС плюс», ки зери раисии ҷониби Русия баргузор мегардад, суханронӣ мекунад.
Дар рӯзномаи маҷлис масъалаҳои вусъат додани ҳамкории байналхалқӣ бо мақсади таъмини рушди инклюзив ва босубот дохил шудааст. Инчунин ҷанбаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ баррасӣ мегарданд.
Ғайр аз ин, бинобар барномаи боздид баргузор намудани мулоқотҳои дуҷониба пешбинӣ мегарданд.
Иттиҳоди БРИКС соли 2006 таъсис ёфтааст. Ҳоло ҳозир Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, ҶАҶ, АМА, Эрон, Миср ва Эфиопия аъзои он ба шумор мераванд.