Ташаббуси Президенти Ӯзбекистон оид ба Афғонистон дар Шӯрои бехатарии СММ пешниҳод шуд

    20 декабр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба баррасии вазъ дар Афғонистон, вакили муваққатии корҳо, муовини намояндаи доимии Ӯзбекистон дар назди СММ Нурилла Абдуллаев дар бораи тадбирҳое, ки мамлакати мо барои барқарор намудани сулҳи дарозмуддат дар Афғонистон меандешад, маълумот дод.

    Дар ҷамъомади кушоди аъзои Шӯрои бехатарии СММ, ки таҳти раёсати Ҳиндустон баргузор гардид, ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар бораи таҳти шафоат ва дастгирии СММ таъсис додани Гурӯҳи музокироти байналмилалии сатҳи олӣ оид ба танзими вазъият дар Афғонистон барои бо мақомоти ин мамлакат тадриҷан мувофиқа кардани талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод карда шуд.

    Ба аъзои Шӯрои амният аз таҷрибаи пурсамари ҳамкориҳои Ӯзбенкистон бо мақомоти феълии Афғонистон иттилоъ дода шуд. Хабар дода шуд, ки тавассути муколама бо толибон ба Ӯзбекистон муяссар шуд, ки барои духтарон дар вилоятҳои шимолӣ мактабҳо боз кунад, дар 25 соли охир бори аввал транзити молу колоро ба бандарҳои баҳрии Покистон ва қафо аз тариқи Афғонистонро роҳандозӣ кунад. Ҳамзамон, таваҷҷуҳ ба он ҷалб карда шуд, ки тайи 10 моҳи охир дар ин масири транзитӣ дар ду самт ҳудуди 600 ҳазор тонна бор бидуни ягон ҳодисаи амниятӣ интиқол дода шудааст.

    Ба иштирокчиёни вохӯрӣ ҳамчунин доир ба кумакҳои аз ҷониби ҷумҳурӣ дар соҳаи омодасозии мутахассисону донишҷӯёни афғон, аз ҷумла бонувон, интиқоли неруи барқ, лоиҳаҳои инфрасохтории бомуваффақият татбиқшуда, расонидани кумаки башардӯстонаи фаврӣ ба мардуми Афғонистон, инчунин дастгирии саъю кӯшишҳои байналмилалӣ дар ин самт тавассути маркази бисёрфунксионалии нақлиётӣ ва логистикӣ дар шаҳри Термиз маълумоти муфассал дода шуд. Даъват шуд, ки ба ин марказ таҳти сарпарастии СММ мақоми байналмилалӣ дода шавад, хабар медиҳад хабаргузории «Дунё».

    Махсусан таъкид шуд: «Халқи афғон хеҷ гоҳ ҷанг накардааст, хамаи онҳо аз берун ба хоки Афғонистон оварда шудаанд. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои сарнавишти афғонҳо, ояндаи ин кишвар масъулияти маънавӣ бар дӯш гирад».

    Таъкид шуд, ки такроран изолятсия кардани ин кишвар набояд рух диҳад ва мардуми афғонро набояд бо мушкилоти рӯзафзуни башардӯстона ва иҷтимоию иқтисодии кишвар танҳо гузошт.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates