Клиникаи инноватсионӣ дар Шаҳрисабз ба намунаи рушди тиб табдил меёбад

    Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти Маркази кардиологии бисёрсоҳа дар шаҳри Шаҳрисабз шинос шуд.

    Мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии Ӯзбекистон маҳсуб меёбад. Дар ин соҳа ислоҳоти пайдарпай амалӣ мегарданд: муассисаҳои давлатии тандурустӣ навсозӣ мешаванд, сармоягузориҳо ҷалб мегарданд, бахши хусусӣ босуръат рушд меёбад. Танҳо дар вилояти Қашқадарё дар айни замон беш аз 700 клиникаи хусусӣ фаъолият карда, 72 навъи хизматрасониҳои тиббиро пешниҳод мекунанд.

    Яке аз муассисаҳои нав дар ин соҳа клиникаи “Оқ сарой” мебошад, ки чанде пеш бо шарикӣ бо сармоягузори русӣ ба истифода дода шуд. Дар ин ҷо чор утоқи ҷарроҳӣ, шаш шӯъбаи эҳё ва зиёда аз 100 кати беморӣ мавҷуд аст. Ҳамзамон метавон то чор амалиёти кардиохирургиро анҷом дод ва дар як рӯз то 25 амалиёт гузаронидан мумкин аст. Барои ин, мутахассисони таҷрибадор аз Русия, Туркия ва Кувайт ҷалб шудаанд. Дар ин ҷо амалиётҳои мураккаб, аз қабили стентгузаронӣ, шунтбандии рагҳои ишемиявӣ, ислоҳи нуқсонҳои модарзодӣ, эндопротезгузорӣ анҷом дода мешаванд.

    Марказ инчунин хизматрасониҳои ташхиси дақиқро пешниҳод мекунад. Масалан, дастгоҳи муосири эхокардиография бо истифодаи зеҳни сунъӣ фаъолият мекунад — айни замон ин ягона дастгоҳ дар кишвар ба шумор меравад.

    Президент зикр кард, ки чунин клиникаҳои инноватсионӣ на танҳо меъёрҳои табобатро дигар мекунанд, балки тасаввуроти умумиро дар бораи сифати хизматрасонии тиббӣ низ тағйир медиҳанд ва дигар муассисаҳои соҳаи тибро ба ислоҳот ва навсозӣ ҳидоят мекунанд.

    – Мо бояд ин таҷрибаро асос қарор дода, дар камаш 14 минтақаи кишвар чунин клиникаҳоро таъсис диҳем. Фарқ надорад, ки чӣ миқдор маблағ лозим мешавад — мо онро пайдо мекунем. Муҳимаш он аст, ки хидматрасонии босифат ва дастрас барои мардум кафолат дода шавад. Бе алтернатива ва рақобат саъй ба сифат вуҷуд нахоҳад дошт, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.

    Сарвари давлат ба шахсони масъул супориш дод, ки пешниҳодҳоеро оид ба густариши чунин модели фаъолият таҳия намоянд ва фаъолияти ин гуна клиникаҳоро бо низоми ёрии аввалияи тиббию санитарӣ ва суғуртаи тиббӣ ҳамоҳанг созанд.

    Дар клиника 130 ҷои корӣ таъсис дода шудааст. Ҳамчунин, ординатураи клиникӣ ташкил гардидааст, ки имконият медиҳад мутахассисони баландихтисос омода шаванд.

    Президент ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбияти донишҷӯён ва табибон, инчунин ба рушди тибби телевизионӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.

    Қайд кардан зарур аст, ки дар вилояти Қашқадарё сатҳи баланди бемориҳои дилу рагҳо мушоҳида мешавад, ки ин бештар ба нодуруст тановул кардани ғизо марбут аст. Маркази нави кардиологӣ ва шӯъбаи ташхисии он барои ошкорсозии барвақт ва муолиҷаи самарабахши чунин бемориҳо аҳамияти калон дорад.

    Илова бар ин, дар муассиса маҷмааҳои сайёри ташхисӣ мавҷуд аст, ки ба ноҳияҳои дурдаст сафар карда, ташхиси ултрасадо, томографияи компутерӣ, ЭКГ ва дигар намудҳои ёрии тиббиро дар маҳалҳо пешкаш мекунанд.

    No date selected
    July 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates