Технопарки инноватсионии «Яшнобод» бо технопарки «Пардис»-и Эрон ҳамкорӣ ба роҳ монд

    Вазири рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов, ки бо боздиди корӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад, бо технопарки “Пардис”-и воқеъ дар наздикии Теҳрон шинос шуд.

    Технопарки «Пардис» соли 2022 таъсис ёфта, масоҳати 110 гектарро дар бар гирифта, ҳадафи он ҷорӣ намудани дастовардҳои навтарини ҷаҳонӣ дар соҳаи технология барои офаридани технологияҳои нав, тиҷоратӣ гардонидани коркардҳои аз ҷониби марказҳои тадқиқотӣ эҷодшуда, дастгирии корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти инноватсионӣ, рушди истеҳсолоти баландтехнологӣ мебошад.

    Дар ҷараёни сафар миёни технопарки инноватсионии “Яшнобод”-и назди Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва технопарки Ҷумҳурии Исломии Эрон “Пардис” ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар доираи меморандуми имзошуда интиқоли таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолии технопарки “Пардис” имконпазир мегардад.

    Ба ғайр аз ин, лоиҳаи “Бизнес-инкубатор” байни марказҳои инкубатсионӣ, ки дар технопарки “Пардис” ва технопарки инноватсионкор мекунанд, татбиқ гардид. Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа ба ошно кардани ҷавонони мо кумак мерасонад, ки ин ба рушди лоиҳаҳои стартап дар Ӯзбекистон низ мусоидат менамояд.

    Байни технопарки “Пардис” ва технопарки инноватсионии “Яшнобод” барои баргузор намудани озмуни стартап-лоиҳаҳои муштарак ба маблағи 2 миллион доллари ИМА ва густариши истеҳсоли маҳсулоти нав дар пойгоҳи стартапҳои муваффақ оид ба натиҷаҳои озмун созишнома ба имзо расид, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати инноватсия.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates