Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамгироии хидматрасониҳои
рақамии Mobiuz бо
Платформаи ягонаи миллии сайёҳиро баррасӣ карданд. Татбиқи ин лоиҳа ба сайёҳони
хориҷӣ имкон медиҳад, ки ҳангоми будубош дар Ӯзбекистон аз хидматрасониҳои
муосири рақамӣ зуд ва ба осонӣ истифода баранд.
Яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ пешниҳод намудани eSIM бо бастаи интернети ройгон ба
сайёҳони хориҷӣ тавассути Платформаи ягонаи миллии сайёҳӣ хоҳад буд.
Илова бар ин, иштирокчиёни мулоқот масъалаҳои рушди сайёҳии
дохилӣ бо истифода аз платформаҳои рақамии Mobiuz, таблиғи маҳсулот ва хидматрасониҳои сайёҳӣ
миёни доираи васеи аҳолӣ, инчунин густариши ҳамкорӣ ҳангоми баргузории намоишгоҳҳо,
форумҳо, фестивалҳо ва дигар чорабиниҳои бузурги ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии
сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки лоиҳаҳои
пешбинишударо марҳила ба марҳила амалӣ намуда, масъалаҳои техникиро якҷоя
коркард ва ҷорӣ намудани самараноки хизматрасониҳои нави рақамиро таъмин
кунанд.
Дар поёни вохӯрӣ Кумитаи сайёҳӣ ва ширкати Mobiuz ёддошти тафоҳумро ба имзо
расониданд, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти рақамикунонии хидматрасониҳои
сайёҳӣ равона шудааст.