Дар кишвари мо тамоюли давлатдории иҷтимоӣ ва адолати иҷтимоӣ самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Дар асоси ҳамин арзишҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар марказҳои «Инсон» ифтитоҳ мегарданд, ки хизматрасониҳои иҷтимоиро ба аҳолӣ наздик месозанд.
Дар марказ ба 12 гурӯҳи ниёзмандон зиёда аз 100 навъи хизматрасониҳои иҷтимоӣ пешниҳод карда мешаванд. Барои ин дар ҷо шароити муосир муҳайё шудааст. Ҳама равандҳо — қабули муроҷиат, арзёбии эҳтиёҷот, таъин ва расонидани хизматрасониҳо — ба тарзи қулай ва дастрас ташкил шудаанд.
Муҳимтар аз ҳама, кӯмак бо дастгирии якдафъаина маҳдуд намешавад. Ҳолати минбаъдаи гирандагони хизматрасонӣ таҳти мониторинг қарор дошта, ҳамроҳӣ то барқароршавии пурра амалӣ карда мешавад. Ҳама равандҳо рақамӣ гардонида шуда, бо муассисаҳои дахлдори дигар ҳамоҳанг шудаанд.
Дар маркази Шайхонтоҳур 25 мутахассис ва 51 корманди иҷтимоӣ, ки ба маҳаллаҳо вобаста шудаанд, фаъолият доранд. Бо кӯдакон ва калонсолони дорои маъюбият, инчунин шахсони пиронсол ва танҳо мақсаднок кор бурда мешавад.
— Ин маконест, ки дар он бо ташвиши ҳар як инсон зиндагӣ мекунанд, мекӯшанд, ки мардум розӣ ва хушҳол бошанд. Ба воситаи чунин система дар ҷомеаи мо адолати иҷтимоӣ ва шарафи инсонӣ устувор мешавад, — таъкид намуд Президент.
Дар ҳамин ҷо, дар асоси шарикии давлатӣ-хусусӣ муассисаи «Имкониятлар олами» таъсис ёфтааст, ки Сарвари давлат бо шароити он шинос гардид.
Дар муассиса хизматрасониҳои мадохилаи барвақт барои кӯдакони то 3-сола, мутобиқшавии иҷтимоӣ ва барқарорсозии кӯдакони дорои маъюбият, инчунин нигоҳубини рӯзона ташкил шудаанд. Ҳоло дар ин ҷо тақрибан 80 нафар кӯмак дарёфт мекунанд. Ба онҳо 12 корманди соҳибихтисос ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.












