Самаранокии лоиҳаҳои сармоягузорӣ баррасӣ шуд

    Ҳукумат 4 Noyabr 2021 5406

    Президент Шавкат Мирзиёев 4 ноябр оид ба масъалаҳои баланд бардоштани самарабахшии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷамъомад баргузор намуд.

    Дар натиҷаи татбиқи дипломатияи оқилонаи иқтисодӣ ҳаҷми содироти кишвари мо ва ҷалби сармоя босуръат меафзояд. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ се баробар афзуд. Ба туфайли ин садҳо заводу корхонаҳо ба кор андохта шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонӣ афзуд, шуғли одамон таъмин гардид, объектҳои нав сохта шуданд.

    Кор дар ин бобат дар ҳамаи соҳаҳо ва минтақаҳо давом дорад. Аз аввали соли равон 179 лоиҳаи калон ва 10 ҳазор лоиҳаи минтақавӣ ба роҳ монда шуданд. Ба онҳо 76 триллион сӯм маблаггузорӣ карда шуд. 143 ҳазор ҷои кор ташкил карда шуд.

    Дар маҷлис тадбирҳои сари вақт ба амал баровардани лоиҳаҳои нав ва ба иқтидори пурра расондани истеҳсолоти ба кор андохташуда баррасӣ шуданд.

    Таъкид гардид, ки 442 лоиҳае, ки дар солҳои охир ба роҳ монда шуда буданд, бо сарбории пурра кор намекунанд. Тадқиқот дар маҳал нишон дод, ки 238-тои онҳо дар таъмини ашёи хом ва ворид шудан ба бозорҳо, 115 лоиҳа бо мушкилоти қарзӣ, 35 лоиҳа инфрасохтор ба мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд.

    Ба ҳокимони вилоятҳо супурда шуд, ки ба соҳибкорон дар ҳалли мушкилоташон кӯмак расонанд. Ба зиммаи Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ вазифаи то охири сол ба кор даровардани 139 лоиҳаи бузург ва 3 ҳазор минтақавӣ гузошта шуд.

    Сарвари давлат таъкид кард, ки ҳар як маблағи гузошташуда бояд самараи иқтисодӣ дошта, ба манфиати халқамон хизмат кунад. Вобаста ба ин, истифодаи мақсаднок ва самаранокии қарзҳои дар доираи лоиҳаҳо гирифташуда таҳти назорати қатъӣ гирифта мешавад.

    Таваҷҷӯҳи асосӣ дар лоиҳаҳои саноатӣ ба истеҳсоли маҳсулоти замонавӣ, рақобатпазир ва серталаб дода мешавад. Аз ин рӯ, барои онҳо технологияи пешрафтаи хориҷӣ харид шудааст.

    Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки беш аз 270 хатти таҷҳизоти имсол воридшуда то ҳол насб нашудааст. Зарурати содда кардани тартибот ва тезондани суръати ба кор андохтани таҷҳизот нишон дода шуд.

    Шавкат Мирзиёев дар вохӯрӣ бо интихобкунандагон пеш аз интихоботи президентӣ изҳор карда буд, ки низоми нави татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷорӣ хоҳад шуд. Барои ин дар ҳар як минтақа созмон додани гурӯҳи ноҳиявии лоиҳавӣ ва ширкати холдингӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин сохторҳои нав шарики тиҷоратии соҳибкорон хоҳанд шуд. Онҳо ба соҳибкорон дар масъалаҳое, аз қабили таҳияи ғояи тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузорон ва ба иқтидори пурра ба кор даровардани лоиҳаҳо кӯмак хоҳанд кард.

    Сарвари давлат супориш дод, ки низоми нав дар муҳлати кутоҳ ва самарабахшу тез ташкил карда шавад.

    Президент ҳамчунин таъкид кард, ки фаъолияти сафирони мо дар кишварҳои хориҷӣ дар афзоиши ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ва содирот муҳим аст. Ба роҳбарони вилоятҳо ва соҳаҳо супориш дода шуд, ки лоиҳаҳои пешомаднок таҳия карда, ҳангоми татбиқи онҳо бо сафирон ҳамкорӣ кунанд.

    Муовинони Сарвазир, вазирон ва ҳокимон бинобар масъалаҳои баррасишуда маълумот доданд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates