Иҷрои вазифаҳои ҷорӣ ва нақшаҳои оянда оид ба ҳамкории сармоягузорӣ муҳокима гардиданд

    Ҳукумат 10 May 2024 3184

    Ба Шавкат Мирзиёев дар бораи ҷараёни татбиқи қарордодҳо ва нақшаҳои ояндаи ҳамкории сармоягузорӣ бо шарикони хориҷӣ гузориш дода шуд.

    Ба лоиҳаҳои ҳамкорӣ ва барномаҳои сармоягузорие, ки якҷоя бо чунин шарикон мисли Русия, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ ва дигарон ба амал татбиқ мегарданд, эътибори алоҳида нигаронда шуд.

    Тавре ки маълум аст, 22-24 апрел дар шаҳри Тошканд намоишгоҳи байналхалқии саноатии «Иннопром. Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки намунаи равшани ҳамкории муваффақиятноки тиҷоратӣ бо Федератсияи Русия гардид.

    Бинобар натиҷаи соли 2023 табодули мол байни мамлакатҳоямон қариб ба 10 миллиард доллар расид. Вазифа гузошта шуд, ки то соли 2030 ин ҳаҷм ду баробар афзояд.

    Дар Ӯзбекистон беш аз 3 ҳазор корхонаи муштарак фаъолият дорад. Дар тӯли соли 2023 беш аз 700 корхонаи нав ба вуҷуд оварда шуд. Соли гузашта қариб 3 миллиард доллар сармояи Русия азхуд гардид. Соли ҷорӣ аз худ намудани 5 миллиард доллар дар назар аст.

    Умуман дар доираи «Иннопром» маҷмӯи шартномаҳо дар ҳаҷми 4 миллиард доллар қабул гардиданд.

    2-3 май Форуми байналхалқии сармоягузории Тошканд бо иштироки беш аз 2,5 ҳазор нафар меҳмонон аз 93 мамлакати ҷаҳон баргузор гардид. Бинобар ҷамъбасти чорабиниҳои корӣ дар доираи анҷуман маҷмӯи зиёди қарордодҳои сармоягузорӣ ва содиротӣ ба миқдори 26,6 миллиард доллар ба имзо расид.

    Дар байни онҳо лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои сохтмон, энергетикаи «сабз», соҳаи маъдани кӯҳ, рушди инфрасохтор, саноати кимиё, хӯрокворӣ, бофандагӣ ва тандурустӣ ҳастанд.

    Дар поёни анҷуман нақшаи роҳ оид ба татбиқи шартномаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ, ки аз ҷониби шарикони хориҷӣ имзо гардиданд, таҳия гардид. Дар ҳуҷҷат тамоми марҳала, муддат ва шахсони масъул мушаххасан зикр гаштаанд. Инчунин нақшаи роҳ оид ба татбиқи пешниҳодот ва ташаббусҳо таҳия гаштааст, ки дар ҷараёни анҷуман ва инчунин дар ҷамъомади Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ дар назди Президент ба забон гирифта шуданд.

    Гузоришро шунида, роҳбари давлат ногузирии таъмини назорати ҷиддиро аз болои иҷрои сари вақт ва пурраи ҳар як банди нақшаи роҳ, гуфтугӯи доимӣ ва ҳамкорӣ бо сармоягузорон, барои онҳо фароҳам овардани шароити фавқулода муносиб ва бонизом ҳал намудани масъалаҳои бавуҷудомада дар ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо таъкид намуд.

    Ба шахсони масъул аллакай ҳоло оғоз намудани омодагиро ба баргузор намудани форуми чоруми сармоягузории Тошканд бо ташаккул додани маҷмӯи лоиҳаҳои истиқболнок дар муҳимтарин соҳаҳои иқтисодиёт супориш дод.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates