Эрон ва Русия барои сохтмони НБА ба маблағи 25 миллиард доллар шартнома имзо карданд

    Таъкид мегардад, ки НБА аз чор блоки барқӣ иборат хоҳад шуд.

    Эрон ва Русия аз рӯйи сохтмони Неругоҳи барқи атомии «Ҳормоз» дар вилояти Ҳормозгони ҷанубии Эрон ба маблағи 25 миллиард доллар шартнома имзо карданд. Суратҳоро аз раванди имзои шартнома хабаргузории IRNA эълон кард.

    Шартномаро аз ҷониби Эрон намояндаи ширкати «Iran Hormoz» Носир Мансур Шарифул ва аз ҷониби Русия намояндаи ширкати «Росатом энергетические проекты» Дмитрий Шиганов имзо карданд.

    НБО аз 4 блоки энергетикӣ иборат хоҳад буд. Барои лоиҳа 500 гектар замин ҷудо шудааст. Ҳоло таҳқиқоти муҳандисӣ ва корҳои омодасозии майдон идома доранд.

    Президенти пешини Эрон Иброҳим Раисӣ моҳи феврали соли 2024 бо иштироки роҳбари Созмони барқи ҳастаӣ Муҳаммад Исломӣ дастури оғози сохтмони НБА-и “Ҳормоз”-ро дар вилояти Ҳормозгон дода буд. Тибқи маъсулоти маъмурияти ҳастаии Эрон тавоноии умумии НБА 5000 МВт-ро ташкил медиҳад ва он дар наздикии шаҳрҳои Миноб ва Сирик ҷойгир карда мешавад.

    25 сентябр Исломӣ гуфт, ки дар фурсати кӯтоҳ лоиҳаи сохтмони НБА “Ҳормоз” ба марҳилаи навбатӣ мегузарад. Ин иқдом ҳамчун яке аз қадамҳои муҳими рушди соҳаи атомии Эрон арзёбӣ мешавад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates