Дар ин бора фармондеҳи амалиётии артиши Эрон Маҳмуд Мусавӣ иттилоъ додааст, хабар медиҳад ria.ru.
«Душман кӯшиш кард имконоти дифои ҳавоии Эронро маҳв созад ва дар ҷараёни ин ҷанг, бахше аз низомҳои дифои ҳавоии мо осеб дид. Аммо бо кӯшишҳои ҳамкорони мо ин низомҳои осебдида бо низомҳои нав иваз шуда, дар маконҳои пешакӣ муайяншуда насб гардиданд», аз гуфтаҳои фармондеҳ иқтибос меорад оҷонсии IRNA.
Ба гуфтаи Мусавӣ, минтақаи фарогирии низомҳои нав тамоми қаламрави Эронро шомил мешавад ва фазои ҳавоии кишвар пурра зери ҳимояи низоми дифои ҳавоӣ қарор дорад.








