Миннатдории самимӣ

    Ҳукумат 25 Iyul 2022 5080

    Ба сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ, арбобони сиёсӣ ва ҷамъиятии хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, маҳаллаҳо ва ҷамоаҳои меҳнатии мамлакатамон, ба ҳамаи ҳамватанон барои табрикот ва орзуҳои самимии ба муносибати зодрӯзам ирсолнамудаашон миннатдории самимӣ изҳор менамоям.

    Ин табрику таманноҳо, ки ифодаи эҳтироми баланд нисбат ба халқу давлати сермиллати мо мебошанд, барои ман аҳамияти бузург доранд ва ман онҳоро боз як зуҳуроти эътирофи ислоҳоти васеъмиқёси демократии мо ҷиҳати бунёди Ӯзбекистони Нав, баланд гардидани нуфузи байналмилалӣ кишвар қабул мекунам.

    Дар ин рӯз ба ман изҳор намудани муҳаббат ва эҳтироми бузурги фарзандии худ ба халқи меҳнатдӯсту саховатманди сермиллати мо, ки қувваи ҳалкунанда дар татбиқи Стратегияи рушд мебошад, ки ба тамоюли наҷиби «Баҳри шаъну шарафи инсон» асос ёфтааст, қаноатмандӣ мебахшад.

    Боварӣ дорам, ки ба шарофати қувваю ғайрат ва неруи тавонои созандагии халқамон мо албатта ба мақсадҳои волои бунёд намудани давлат ва ҷамъияти ҳақиқатан халқӣ, ки дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти он қонуну адолат бартарӣ дорад, ноил мегардем.

    Шавкат Мирзиёев,

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates