Самтҳои афзалиятноки барномаи ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла ислоҳот дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, обтаъминкунӣ баррасӣ шуданд.

Ба масъалаҳои боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва муҳити соҳибкорӣ дар Ӯзбекистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

 Раванди тадбирҳои татбиқшаванда оид ба таъсиси Суди байналмилалии тиҷоратӣ дар кишвар, инчунин раванди музокирот оид ба шомил шудан ба Созмони умумиҷаҳонии савдо баррасӣ шуд.