Ба марҳалаи дуюми лоиҳаи “IT-Park” оғоз бахшида шуд

    21 октябр Президент Шавкат Мирзиёев аз IT-парк, воқеъ дар ноҳияи Мирзо Улуғбеки пойтахт боздид ба амал оварда, дар маросими гузоштани санги пойдевори марҳалаи дуюми лоиҳа иштирок намуд.

    Ду сол пеш аз ҳисоби 200 миллион доллар сармоя марҳалаи аввали ин лоиҳа амалӣ шуда буд. Дар масоҳати тақрибан 4 гектар 6 бинои кории 20–25 ошёна ва як толори муосири конгресс бунёд гардид.

    Дар ин ҷо барои мутахассисон тамоми шароит муҳайё гардидааст, бо мақсади дастгирии лоиҳаҳои умедбахши стартап барномаҳои инкубатсионӣ ва акселератсионӣ ташкил карда шудаанд. Лоиҳаҳо дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, финтех, логистика, тиҷорати электронӣ, таълими электронӣ, биотехнология ва дигар соҳаҳо бо муваффақият амалӣ мешаванд.

    Ҳоло шумораи ширкатҳои резиденти “IT-Park” ба 3200 адад расида, дар онҳо беш аз 14 ҳазор мутахассис фаъолият доранд. Соли гузашта аз ҷониби резидентҳо ба маблағи 1 миллиарду 600 миллион доллар хидмат расонида шуд ва то охири соли ҷорӣ аз 2,5 миллиард доллар афзудани ин нишондиҳанда дар назар аст.

    Бори аввал аз марраи 1 миллиард доллар зиёд намудани ҳаҷми содирот ба нақша гирифта шудааст.

    Мувофиқи Стратегияи "Ӯзбекистон – 2030", мақсад гузошта шудааст, ки беш аз 300 ҳазор ҷавон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ бо кори сердаромад таъмин гарданд. Коршиносони хориҷӣ танҳо дар самти зеҳни сунъӣ иқтидори Ӯзбекистонро ба 10 миллиард доллар арзёбӣ кардаанд.

    – Боварии комил дорам, ин маҷмааи бузурге, ки имрӯз санги асоси он гузошта мешавад, дар фатҳи марраҳои бузург, инчунин дар таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманд байни сармоягузорон ва Ӯзбекистон нақши муҳим мебозад, – гуфт Сарвари давлат.

    Тибқи лоиҳа, ҳудуди “IT-Park” 1,5 баробар васеъ карда мешавад. Дар ин ҷо дар ҳамкорӣ бо ширкати “Data Volt”-и Арабистони Саудӣ маркази додаҳо (дата-марказ) бо иқтидори 12 мегаватт ва арзиши 150 миллион доллар бунёд мегардад. Дар марҳалаҳои минбаъда, боз 3 миллиард доллар сармоя ҷалб гардида, иқтидор ба 500 мегаватт расонда мешавад.

    Ғайр аз ин, дар ин ҳудуд 6 бинои нав – Маркази зеҳни сунъӣ, марказҳои кайҳон ва технологияҳои оянда, 2 бинои кории 20-ошёна, инчунин марказҳои хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ бунёд мегарданд.

    Бо маънои дигар, ин маҷмаа ба “Хаби зеҳни сунъӣ” табдил хоҳад ёфт, ки бо технологияҳои аз ҳама муосир, инноватсия ва дониш асосноконида шудааст.

    Президенти Шавкат Мирзиёев капсулаи рамзиро гузошта, ба сохтмони марҳалаи дувуми лоиҳаи “IT-Park” расман оғоз бахшид.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates