Сарвазири Италия бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон меояд

    Сиёсат 27 May 2025 2568

    Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ 28-29 май бо сафари расмӣ ба мамлакати мо меояд.

    Ҳамоиш тибқи тавофуқоте, ки дар давоми сафари расмии сарвари давлатамон ба Италия дар рӯзҳои 7-9 июни соли 2023 ҳосил шудаанд, баргузор мегардад.

    Дар музокироти сатҳи олӣ, ки дар шаҳри Самарқанд гузаронида мешавад, масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Италия ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷанба баррасӣ мешаванд.

    Пешбурди ҳамкориҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳои табодули башардӯстона дар маркази таваҷҷуҳ қарор мегиранд.

    Дар охир имзои як қатор созишномаҳои дуҷониба дар назар аст.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates