Майдони ба ҷаҳон машҳури Регистон, ки ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст, коғази асосии ташриф ба кишвари мо буда, иқтидори бунёдкоронаи аҷдодони бузурги моро инъикос менамояд. мадрасаҳои Мирзо Улуғбек, Шердор ва Тиллокории маҷмуа бо шаҳомат, таърихи ғанӣ ва меъморнии бетакрори худ дар меҳмонони мамлакатамон таассуроти амиқ мегузорад.
Ба меҳмони олиқадр дар бораи таърихи бунёди ин шоҳасари шаҳрсозии Шарқ, вижагиҳои нотакрори меъморӣ ва ороиши он, рӯйдодҳои муҳим ва шахсиятҳои марбут ба ин макон, инчунин мероси фарҳангии халқи ӯзбек маълумоти муфассал дода шуд.
Сипас, роҳбарони давлатҳо аз боғи таърихию этнографии “Шаҳри абадӣ”-и Маркази байналмилалии сайёҳии "Silk Road Samarkand" дидан карданд. Намоишгоҳҳоро, ки мероси ғании фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва санъати амалии халқи моро инъикос мекунанд, тамошо карданд. Барномаи фарҳангӣ иборат аз баромадҳои дастаҳои рақс пешкаш гардид.









