Дар майдони назди қароргоҳ қаровули фахрӣ саф ороста буд.
Президенти Италия ва духтари ӯ – бонуи аввали кишварро Президенти Ӯзбекистон ва ҳамсараш самимона истиқбол гирифтанд.
Оркестри ҳарбӣ гимнҳои давлатии ҳар ду мамлакатро иҷро кард.
Сарони давлатҳо аз пеши сафи қаровули фахрӣ гузашта, аъзои ҳайатҳои расмиро хайрамақдам гуфтанд.
Пас аз аксгириҳои якҷоя гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ оғоз шуданд.