Иқдоми хайриявии «Ватанга қайтариш» («Бозгашт ба Ватан») аз 30 июл то 30 август баргузор мегардад. Ҳадафи ин иқдом — бозгардонидани шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар хориҷ ба шароити душвор дучор шудаанд, ба Ватан ва барқарорсозии самарабахши онҳо мебошад, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Барои пешниҳоди ариза лозим аст ба намояндагиҳои Агентии муҳоҷират дар хориҷ, намояндагиҳо ва муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хориҷ, @huquqiyyordamuzbot муроҷиат кард ё бо рақами кӯтоҳи 12-82 тамос гирифт.








