Содироти ҳосили нави зардолу аз вилояти Сурхондарё оғоз гардид

    Тақрибан даҳ рӯз пеш аз ноҳияи Тирмизи вилояти Сурхондарё барои содироти патияҳои аввали зардолуи тару тоза оғоз ёфт.

    Бино ба иттилои ҳокимияти вилояти Сурхондарё, корхонаи кишоварзии «СПН Ҳумо агро», ки киштзораш дар вилояти Тирмиз ҷойгир аст, аллакай чандин даҳҳо тонна зардолуи тару тозаи навъҳои барвақтиро ба бозорҳои хориҷӣ фиристодааст.

    «Ноҳияи Тирмиз дар ҷануби Ӯзбекистон ҷойгир буда, ба шарофати иқлим дар ин ҷо сабзавоту меваҷот назар ба дигар минтақаҳои кишвар хеле барвақт пухта мерасад. Аз ин ру, маҳз дар ҳамин ноҳия корхонаи мо дар 58 гектар плантатияҳои навъҳои барвақтии зардолу ва дар 30 гектар шафтолу бунёд кардааст. Дар мавсими ҷорӣ мо нақша дорем, ки ҳудуди 270-300 тонна зардолу ҷамъоварӣ намуда, ба содирот фиристем», -- иброз дошт директори ширкати «СПН Ҳумо агро» Нурбек Алиқулов дар сӯҳбат бо хидмати матбуоти ҳокимияти вилоят. Ин ширкат бо сармояи хориҷӣ буда, муассисони он сармоягузорони Туркия мебошанд.

    Мувофиқи маълумоти коршиносони EastFruit, майдони умумии боғҳои «СПН Ҳумо агро» 106,3 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин шумор дар 58 гектари он навъҳои зардолуи барвақтӣ шинонда мешаванд, ки ниҳоли онро аз Туркия, Италия ва Юнон овардаанд.

    Тибқи маълумоти пешакии Кумитаи гумрук, тайи даҳ рӯзи ахир Ӯзбекистон беш аз 200 тонна зардолуи тару тоза содир кардааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates