Тавре ки хадамоти матбуоти Сафорати генералии Ӯзбекистон дар Истанбул хабар медиҳад, инҳо ба кишвар баргардонида шуданд:
Арабов Ғанижон Муродиллоевич, соли таваллудаш 1982, зодаи вилояти Бухоро;
Бобоюсупова Шоҳиста Тухсанбой қизи, соли таваллудаш 1992, зодаи вилояти Самарқанд;
Мукимова Гулзода Хушвактовна, соли таваллудаш 1970, зодаи вилояти Навоӣ.
ВКД Ӯзбекистон шаҳрвандонеро, ки аз кирдорҳои ин афрод зарар дидаанд, даъват мекунад, ки ба воҳидҳои ҳудудии вазорат ё ба Сафорати генералии ҷумҳурӣ дар Истанбул муроҷиат намоянд.
Дар ин ниҳод таъкид шуд, ки таъқиби ҷиноятӣ нисбат ба ҷинояткороне, ки дар хориҷ пинҳон мешаванд, идома меёбад ва принсипи ногузирии ҷазо барои ҷинояти содиршуда қатъиян риоя карда мешавад.
Илова бар ин, бо дарназардошти зиёд шудани муроҷиатҳо вобаста ба ҳолатҳои қаллобӣ, аз шаҳрвандон ҷиддан хоҳиш карда мешавад, ки ҳушёр бошанд ва ба фиребгарон бовар накунанд.









