Ин бузургтарин ҳамлаи Исроил ба пойтахти Лубнон буд. Неруҳои дифои Исроил шаби 6 октябр бузургтарин ҳамлаи худро ба Бейрут зада, дар канораҳои ҷанубии шаҳр беш аз 30 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом доданд. Ҳадафҳои аввалия иншоот ва биноҳои Ҳизбуллоҳ дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Рафик Ҳарирӣ буданд.
Артиши Исроил қайд кард, ки пеш аз ҳамлаҳо чораҳои васеъ, аз ҷумла огоҳии барвақти аҳолии осоишта сурат гирифтанд. Даъватҳои эвакуатсия ба сокинони тақрибан 25 минтақаи Бейрут фиристода шуданд.
Аллакай Наҷиб Микатӣ, нахуствазири Лубнон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида ва Фаронса даъват кардааст, то ба оташбас мусоидат кунанд.
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар остонаи солгарди ҳамлаи Ҳамос ба Исроил дар Ховари Миёна ба сулҳ даъват намуд. Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар пасманзари шиддат гирифтани авзоъ байни Исроил ва гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба Ховари Миёна неруи изофӣ мефиристад.
Рӯзи 1 октябр артиши Исроил аз оғози амалиёти заминӣ дар ҷануби Лубнон хабар дод, хабар медиҳад korrespondent.net.