Ин сеюмин табодули маҳбусон дар доираи марҳилаи аввали созишномаи оташбас мебошад.
Маҳбусони собиқ, ки қариб нисфи онҳо муҳлатҳои тӯлонӣ ё ҳабси якумриро адо мекарданд, бо автобус ба шаҳри Рамаллоҳ, воқеъ дар соҳили ғарбии рӯди Урдун, интиқол дода шуданд. Дар он ҷо онҳоро издиҳоми шодмонӣ пешвоз гирифт.
Аз 19 январи соли ҷорӣ, вақте ки созишномаи оташбас эътибор пайдо кард, ҲАМОС 15 гаравгонро ба Исроил супорид. То имрӯз Исроил 400 маҳбуси фаластиниро озод кардааст, хабар медиҳад ru.euronews.com.