Дар солҳои охир дар кишвар корҳои васеъмиқёс ҷиҳати
баланд бардоштани дастрасии хидматрасониҳои иҷтимоӣ, расонидани кӯмаки ҳадафнок
ба шаҳрвандони ниёзманд ва ҷалби бахши ғайридавлатӣ ба ин соҳа амалӣ мегарданд.
Дар се соли охир шумораи намудҳои
хидматрасониҳои иҷтимоӣ аз 23 то 140 зиёд
шудааст. Ҳар сол ба ҳисоби миёна 4,6 миллион хидматрасонии иҷтимоӣ пешниҳод мегардад, ки тақрибан
2 миллиони он дар сатҳи маҳалла анҷом дода мешавад.
Айни замон дар кишвар зиёда аз 168 ҳазор кӯдаки дорои
маъюбият ба қайд гирифта шудаанд. Аз онҳо 133,8 ҳазор нафар бо таҳсил ва хидматрасониҳои
иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳоло 34,6 ҳазор кӯдаки дигар бояд ба низоми таҳсил
ҷалб карда шаванд.
Бо ин мақсад, бо иштироки кормандони иҷтимоӣ низоми кори
инфиродӣ бо ҳар як оила ҷорӣ мегардад. Эҳтиёҷоти ҳар як кӯдак ба таври ҳамаҷониба
ва дар марҳилаи барвақт арзёбӣ шуда, пас аз он муҳити мувофиқи таълим ва хидматрасониҳои
зарурӣ муайян карда мешавад. Механизми нави арзёбӣ ба таври таҷрибавӣ аз 1
октябри соли 2026 дар вилоятҳои Хоразм ва Навоӣ ҷорӣ карда мешавад.
Аз соли таҳсили 2026/2027 таълим дар мактабҳои махсус дар
асоси нақшаҳои инфиродӣ ташкил мегардад, ки бо дарназардошти эҳтиёҷот, имкониятҳои
функсионалӣ ва сатҳи азхудкунии барнома таҳия мешаванд. Ба омӯзгорони нобино ва
синфҳои ибтидоии мактабҳои махсус ёрдамчиён ва ассистентҳои шахсӣ ҷудо карда
мешаванд.
Ба мактабҳои ғайридавлатие, ки барои таълими кӯдакони
дорои маъюбият синфҳои ислоҳиро дар назди маҳалли зист ташкил мекунанд, барои ҳар
як хонанда субсидия дода мешавад. Ҳамчунин, ҳар сол ташаббусҳои на камтар аз 50
мактаб, ки ба беҳтарсозии муҳити фарогир равона шудаанд, тавассути грантҳо
маблағгузорӣ мегарданд.
Аз соли 2027 пешниҳод шудааст, ки кӯдакон дар асоси
ваучер бо дастгоҳҳои хониши матн, синтезаторҳои нутқ, дисплейҳои Брайл ва дигар
воситаҳои ёрирасон таъмин карда шаванд. Аз соли таҳсили 2027/2028 барои шахсони
дорои маъюбият дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ва сертификатсионӣ вақти иловагӣ,
алифбои Брайл, хизматрасонии тарҷумони ишоравӣ, ассистент ва дигар шароити
зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Ҳамчунин равишҳои нав барои такмили низоми хидматрасониҳои
иҷтимоӣ ба шахсони бе ҷойи истиқомати муайян таҳия шудаанд. Айни замон дар ҷумҳурӣ
11 маркази реабилитатсионӣ фаъолият мекунад, ки барои 726 ҷой пешбинӣ шудаанд. Дар нимсолаи аввали соли 2026 дар онҳо 1,1 ҳазор
нафар ҷойгир карда шуданд.
Муассисаҳои
амалкунандаи реабилитатсионӣ ба марказҳои ҷойгиркунии муваққатӣ ва бозҳамгироии
иҷтимоӣ табдил дода мешаванд. Шахсони бехона метавонанд ба ин марказҳо бо хоҳиши
худ, аз рӯи натиҷаҳои омӯзиши вазъ аз ҷониби «ҳафтгонаи маҳалла» ё бо мусоидати
корманди иҷтимоӣ ё нозири пешгирӣ ҷойгир шаванд. Барои ҳар яки онҳо нақшаи
инфиродӣ таҳия мегардад, ки барқарорсозии ҳуҷҷатҳо, расонидани хидматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, омӯзиши касбӣ
ва бо ҷойи кор таъмин карданро дар бар мегирад.
Дар марказҳо воҳидҳои
мусоидат ба шуғл таъсис дода шуда, биноҳои холӣ бо шартҳои имтиёзнок ба соҳибкорон
ба иҷора дода мешаванд. Ба шахсони бехона ваучерҳо барои омӯзиши касбӣ пешниҳод
гардида, онҳо ба гурӯҳҳои осебпазири иҷтимоӣ дохил карда мешаванд ва барои онҳо
ҷойҳои корӣ захира мегарданд. Бо ҷалби ташкилотҳои ғайридавлатӣ доираи хидматрасониҳо, аз ҷумла паноҳгоҳи муваққатӣ, ғизои
гарм ва либос, васеъ карда мешавад.
Ҳамчунин масъалаҳои
таҳкими механизмҳои ошкорсозӣ ва реабилитатсияи қурбониёни савдои одамон баррасӣ
гардиданд.
Аз 1 сентябри
соли 2026 тавассути марказҳои «Инсон» дар сатҳи маҳалла ва ноҳия низоми арзёбии
вазъи чунин шахсон ҷорӣ шуда, онҳо ба хидматрасониҳои
дахлдор равона карда мешаванд.
Маркази ҷумҳуриявии реабилитатсия ва мутобиқсозии занон
ва марказҳои ҳудудии он ба Маркази ҷумҳуриявии реабилитатсияи занон ва кӯдакон
табдил дода мешаванд. Дар марказҳои ҳудудии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Қашқадарё,
Самарқанд ва Фарғона қабули занони зарардида ва кӯдакони ноболиғи онҳо ба роҳ
монда шуда, барои онҳо 40 ҷойи иловагӣ фароҳам оварда мешавад.
Илова бар ин, пешниҳод шудааст, ки барои савдои кӯдакон ҷавобгарии
ҷиноятии алоҳида муқаррар карда шавад, барои шахсони чунин ҷиноят содиркарда ҳуқуқи
фаъолият дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва хориҷӣ маҳдуд гардад ва мониторинги
мунтазами хидматрасониҳо ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин тартиби истифодаи хидматрасониҳои нақлиётии
имтиёзнок барои маъюбон, иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941–1945 ва шахсони ба онҳо
баробар, инчунин иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи нерӯгоҳи атомии
Чернобил содда карда мешавад. Имрӯз зиёда аз 48,4 ҳазор шаҳрванд аз чунин
имтиёзҳо бархӯрдор мебошанд. Дар
соли 2025 онҳо 1,7 миллион маротиба аз хидматрасониҳои
нақлиётӣ истифода бурдаанд.
Тибқи тартиби нав, барои шаҳрвандони 11 гурӯҳ сафарҳои
ройгон ё бо 50 фоиз тахфиф дар нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва байнишаҳрӣ пешбинӣ
мегардад. Талонҳои коғазӣ бекор карда шуда, барои харидани чипта нишон додани
корти ID ё шиносномаи биометрӣ кофӣ хоҳад буд. Ҳуқуқ ба имтиёз тавассути низоми
иттилоотии «Ҳифзи иҷтимоии ягонаи миллӣ» санҷида мешавад.
Аз 1 январи соли 2027 имконияти хариди онлайн-чиптаҳои
имтиёзноки ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автобусҳои байнишаҳрӣ тавассути замимаи мобилии
«Baraka» фароҳам оварда мешавад.
Сарвари давлат пешниҳодҳои тақдимшударо маъқул дониста,
супориш дод, ки ҳуҷҷатҳои дахлдор бодиққат таҳия шуда, пешниҳоди хидматрасониҳои
нав дар маҳалҳо босифат ба роҳ монда ва назорати қатъии иҷрои чорабиниҳои
пешбинишуда таъмин карда шавад.