Имкониятҳои зиёд кардани маҳаллигардонии маҳсулоти саноатӣ мавриди омӯзиш қарор дорад

    Тиҷорат 22 Dekabr 2021 1331

    Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Умурзоқов дар шакли алоқаи видеоконфронс бо роҳбарони ассотсиатсияҳои соҳавӣ, корхонаҳои давлатии саноатӣ ва ширкатҳои холдингӣ бахшида ба масъалаҳои ҳавасмандгардонии кооператсияи дохилисоҳавиву байнисоҳавӣ ва маҳаллисозӣ, истеҳсолоти саноатӣ ҷамъомад баргузор намуд. Дар ҷамъомади видеоконфронсӣ роҳбарияти Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карданд.

    Дар рафти вохӯрӣ роҳбарони соҳаҳо ва корхонаҳои давлатӣ оид ба корҳои омӯхтани сохтори воридот дар соҳаи муайян, таҳияи лоиҳаҳои ҷойгузини воридоти баъзе навъҳои маҳсулот тавассути ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва ташкили истеҳсолоти нави баландтехнологӣ тақдимот намуданд.

    Тадбирҳо оид ба ивази воридот дар баъзе соҳаҳо ва корхонаҳо аз нуқтаи назари интиқодӣ баррасӣ гардида, зарурати таҳлили амиқтари таъминот дар бозори дохилӣ бо мақсади дарёфти имкониятҳои иловагии роҳандозии шарикӣ бо истеҳсолкунандагони маҳаллӣ таъкид гардид. Барои ба итмом расонидани лоиҳаҳои пешниҳодшуда ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маҳаллисозии истеҳсолот ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридот дастурҳои алоҳида дода шуданд.

    Инчунин аҳамияти омӯхтани дараҷаи пурбории иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва ҷустуҷӯи захираҳои истифоданашуда барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии ватанӣ қайд гардид. Дар баробари ин аҳамияти ҳам азхуд намудани истеҳсоли навъҳои нави маҳсулот ва ҳам дар иқтидорҳои мавҷуда вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти маҳаллӣ қайд карда шуд.

    Ба роҳбарони масъул супориш дода шуд, ки бо назардошти афзалиятҳои рақобатии истеҳсолкунандагони хориҷӣ корҳоро оид ба бартарафсозии монеаҳои рушди кооператсияи дохилисоҳавӣ ва байнисоҳавӣ, суръат бахшидан ба ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ва стандартҳои техникӣ пурзӯр намоянд.

    Дар ҷамъбасти ҷаласа супориш дода шуд, ки дар доираи ҳар як соҳа лоиҳаҳои нави сармоягузории воридотивазкунанда таҳия карда шавад, ки ба роҳандозии занҷири устувори арзиши иловагӣ дар пойгоҳи корхонаҳои ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидори саноатии мамлакат нигаронда шудаанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates