Дар Куриёи Ҷанубӣ хӯрдани гӯшти сагро манъ карданд

    Аз ин тарҳ 208 депутат пуштибонӣ карданд, ду нафар аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд. Акнун қонун бояд аз ҷониби ташаббускори он, президент Юн Сок Ёл имзо шавад.

    Инсоне, ки сагро кушт, ба се соли зиндон ва ҷарима ба маблағи 30 миллион вон (ҳудуди 23 ҳазор доллар) маҳкум хоҳад шуд.

    Онҳое, ки барои ғизо саг парвариш мекунанд ва ё дидаву дониста маҳсулоти аз гӯшти саг тайёршударо мехаранд, интиқол медиҳанд, нигоҳ медоранд ва мефурӯшанд, низ ҷарима ва зиндон хоҳанд шуд.

    Ба гузориши CNN, ин лоиҳа барои хӯрдани гӯшти саг ҷазоро пешбинӣ намекунад. Фермаҳо, соҳибони тарабхонаҳо ва дигарон, ки бо истеҳсоли гӯшти саг машғуланд, барои бастани тиҷорати худ се сол вақт дода мешавад.

    Ба гуфтаи мақомоти Куриёи Ҷанубӣ, дар кишвар тақрибан 1100 хоҷагии саг мавҷуд аст, ки тақрибан ним миллион сагро парвариш мекунанд. Фермерон ба муқобили лоиҳаи қонун эътироз баён мекунанд. Тибқи ҳисобҳои онҳо, пас аз эътибор пайдо кардани ин қонун ҳудуди як миллион нафар метавонанд ҷои кори худро аз даст диҳанд.

    Кореяи Ҷанубӣ тадриҷан аз гӯшти саг даст мекашанд. Тибқи як назарсанҷии Gallup Korea, дар соли 2022, танҳо 8 фоизи пурсидашудагон гуфтаанд, ки онҳо гӯшти саг мехӯранд, ки ин нисбат ба соли 2015 27 фоиз камтар аст.

    Маълумоти иловагӣ: Тибқи маълумоти омории ҳукумат, тақрибан 1150 фермаи саг, 34 заводи коркарди гӯшт, 219 дистрибютор ва тақрибан 1600 тарабхонаи фурӯши маҳсулоти гӯшти саг мавҷуд аст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates