Дар вилояти Курски Федератсияи Русия пули роҳи оҳан фурӯ рехт, қурбониҳо ҳастанд

    Шаби якшанбе дар ноҳияи Железногорски вилояти Курски Федератсияи Русия ҳангоми ҳаракати қатораи боркашон пули роҳи оҳан фурӯ рехт.

    Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи губернатори вилоят Александр Хинштейн дар Telegram хабар дод.

    "Имрӯз дар километри 48-уми шоҳроҳи Тросна-Калиновкаи ноҳияи Железногорск ҳангоми ҳаракати қатораи боркашон пул фурӯ рехт. Як қисми қатора ба роҳи зери пул афтод. Қатора оташ гирифт - Вазорати ҳолатҳои фавқулодда онро зуд бартараф кард," – навишт ӯ.

    Бино ба маълумотҳо, тамоми ҳайати локомотив ба бемористон мунтақил шуда, шумори захмиён мушаххас нашудааст, хабар медиҳад report.az.

    "Ҳаракати мошинҳо дар зери купрук муваққатан қатъ карда шуд, гардишгард ташкил гардид", - афзуд роҳбари вилоят.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates