Зане, ки дар Алмато ба вазъияти душвори зиндагӣ дучор гардида буд, бо ду фарзанди ноболиғаш ба Ӯзбекистон баргашт

    Ҳамватани мо Г.Р., ки дар шаҳри Алмато ба вазъияти душвори зиндагӣ рӯ ба рӯ шуда буд, бо ду фарзанди ноболиғаш бо кумаки дипломатҳои ӯзбек ба кишварамон оварда шуд.

    Ин кумаки башардӯстона дар доираи иқдоми хайриявии «Бозгашт ба Ватан», ки дар Ӯзбекистон аз 30 июл то 30 август эълон шудааст, амалӣ гардид, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Дипломатҳо интиқоли Г.Р. ва ду фарзанди ӯро ба ватан тавассути нақлиёти ҳавоӣ дар масири «Алмато — Тошканд» таъмин карданд.

    Пас аз бозгашти ҳамватанони мо ба Ӯзбекистон, дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд онҳоро намояндагони ҳокимияти вилояти Тошканд ва Сарраёсати вилояти Кумитаи корҳои оила ва занон пешвоз гирифтанд. Ба онҳо кумаки зарурии равонӣ, моддӣ ва дигар намудҳои ёрӣ расонида мешавад.

    No date selected
    November 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates