барои соҳибкории оилавӣ - то 3 сол бо давраи имтиёзнок аз  3 то 6 моҳ;

барои чорводорӣ, моҳипарварӣ, паррандапарварӣ - то 3 сол бо давраи имтиёзнок то 1 сол;

барои ташкили боғдорӣ, токпарварӣ ва лимупарварӣ, барои харидани гармхонаҳо, техникаи хоҷагии қишлоқ — то 7 сол бо давраи имтиёзноки то 3 сол.

Занон метавонанд то 5 миллион сӯм бо пули нақд қарз гиранд.

Барои маълумот: ба «Дафтари занон» занони зерини аз 30-сола боло дохил карда шудаанд:

- занони бекор, ки ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёз доранд;

- заноне, ки мехоҳанд соҳибкор бошанд;

- заноне, ки саробон надоранд;

- заноне, ки бо маъюбии гурӯҳҳои I ва II ба  кумаки иҷтимоӣ ва ба табобати таъҷилӣ эҳтиёҷ доранд;

- заноне, ки ба манзил эҳтиёҷ доранд;

- заноне, ки фарзандони ногиро доранд, хабар медиҳад  Вазорати адлия.