Ин донишгоҳ яке аз муассисаҳои қадимитарини таълими олии Русия ба шумор меравад ва номгӯйи зиёди самтҳои таълимро дар бармегирад. Бахши ҷиззахии вай соли гузашта кушода шуд ва ҳоли ҳозир дар он 325 нафар донишҷӯён таълим мегиранд. Умуман муассиса барои 1 ҳазору 88 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.

Дар ин ҷо бинобар 11 самт, аз ҷумла табобат, стамотология, фарматсия, биокимёи тиббӣ, журналистика, иқтисод, биология, забоншиносӣ, барномаи муҳандисӣ, низоми иттилоот ва технология, ҷараёнҳои технологӣ ва автоматикунонии истеҳсолот мутахассис тайёр мекунанд.

Роҳбари давлати мо барои ба муассиса ҷудо кардани бинои иловагӣ ва вусъат додани имкониятҳои моддиву техникии он супоришҳо дод.