Аввалин мошинҳои электрикӣ дар корхонаи BYD дар Ҷиззах истеҳсол карда шуданд

    Президент Шавкат Мирзиёев 27 июн ба вилояти Ҷиззах омада, бо фаъолияти корхонаи муштараки «BYD Uzbekistan Factory» шинос шуд.

    Корхона моҳи январи соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари сарвари давлат ба Чин ба кор даромада буд. Ин марҳилаи аввали лоиҳаи арзишаш 160 миллион доллар ва иқтидори истеҳсолиаш соле 50 ҳазор мошини барқӣ мебошад.

    Корхонаи муштарак бо инфрасохтори замонавии саноатӣ таъмин гардид. Қариб 2 километр роҳи оҳан кашида шуд. Барои таъмини муттасили истеҳсолот анбори ҷузъҳо ва маркази логистикӣ барои 1,2 ҳазор контейнер сохта шуд.

    Дар корхона таҷҳизоти замонавӣ ва низоми роботиконидашудаи Чин насб карда шудааст.

    Раванди истеҳсолот автоматӣ кунонида шудааст.

    Лаборатория барои санчиши дақиқи ченакҳои геометрии мошинҳои барқӣ ташкил карда шудааст.

    Президент ин имкониятҳоро дида, бо шарикони чиноӣ суҳбат кард.

    Ҳоло дар ин ҷо моделҳои Chazor и Song Plus Champion истеҳсол карда мешаванд. Шавкат Мирзиёев дар аввалин мошинҳои барқӣ имзои худро гузошт.

    Дар ин ҷо ба сарвари давлат дар бораи нақшаҳои маҳаллисозии истеҳсолот маълумот дода шуд.

    Дар солҳои наздик васеъ кардани як қатор моделҳои завод пешбинӣ шудааст. Дар чаҳорчӯби марҳилаи дуюми лоиҳаи арзишаш 300 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст, ки истеҳсолот дар як сол ба 200 ҳазор мошини барқӣ ва дар марҳилаи сеюм лоиҳаи арзишаш 500 миллион доллар то ба 500 ҳазор мошини барқӣ васеъ гардонда шавад.

    Нақшаҳо бузурганд, кор бо суръати тез пеш меравад.

    Баробари афзудани шумораи мошинҳои электрикӣ дараҷаи маҳаллигардонӣ тадриҷан баланд мешавад. Дар навбати аввал истеҳсоли бампер, шиша, ҷузъҳои лак ва пластикӣ ба роҳ монда мешавад. Дар оянда истеҳсоли аккумулятор, моторҳои барқӣ, қисмҳои алюминӣ, шина ва курсиҳо пешбинӣ шудааст.

    Барои рақобатпазир будан дар ин соҳаи нав, инноватсия ва мутахассисони соҳибихтисос заруранд. Ба ин муносибат зарурати таъсиси маркази RnD оид ба омӯзиш ва инкишофи кадрҳо, дастгирии тадқиқоти илмӣ ва муҳандисӣ таъкид шуд. Тадбирҳои кам кардани арзиши аслии маҳсулот аз ҳисоби лоиҳаҳои маҳаллӣ муҳокима шуданд. Ҳадафи оянда ворид шудан ба бозорҳои минтақавӣ мебошад.

    Имрӯз дар корхона 1,2 ҳазор нафар кор мекунанд. Соли гузашта дар корхонаҳои "UzAuto Motors" 200 нафар коргарон таълим гирифтанд. Соли ҷорӣ боз 92 мутахассиси дигар дар шаҳрҳои Сиан ва Чаншаи Чин дар бахшҳои назорати сифат, технология, таъминот ва хидматрасонии техникии таҷҳизот омӯзиш хоҳанд гирифт. Вақте ки ҳар се марҳила амалӣ мешавад, шумораи ҷойҳои корӣ ба 10 ҳазор мерасад.