Дар ин бора сомонаи Девони Вазирони Русия хабар додааст.

"Тасдиқ кардани лоиҳаи қонуни федералӣ <...> ва мувофиқи тартиби муқарраршуда ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардани он", гуфта мешавад дар қароре, ки бинобар ҷамъбасти ҷаласаи Девони Вазирон 10 июни соли равон қабул шудааст.

Тавре ки дар ҳукумат қайд карда шуд, айни замон шаҳрвандони хориҷие, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, дар асоси квотаи муқарраршуда барои иқомати муваққатӣ дар Русия иҷозат мегиранд.

"Ҷорисозии намуди нави иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ гирифтани маълумотро дар Федератсияи Русия осон мекунад ва ҳамзамон барои ҳисоби самарабахши муҳоҷирати чунин шаҳрвандон шароити ҳуқуқӣ фароҳам меорад", -қайд намуданд дар Девони Вазирон.

Ду қонуни вобастабуда низ тасдиқ карда шуданд. Тибқи яке аз онҳо, боҷи давлатӣ барои додани иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ дар Федератсияи Русия бо мақсади гирифтани таҳсил, ба муқоиса бо андозаи боҷи умумии давлатӣ дар ин соҳа, 1,6 ҳазор рубл муқаррар карда мешавад.