Рафти кор дар соҳаи кадастр аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил карда шуд

    Ҳукумат 21 Dekabr 2021 5470

    Президент Шавкат Мирзиёев 21 декабр оид ба масъалаҳои ҳисоби замин ва ташаккули кадастри давлатӣ, ба соҳа ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ ҷамъомад баргузор намуд.

    Дар мамлакати мо оид ба нигоҳ доштан, адолатнок ҷудо кардан ва оқилона истифода бурдан аз захираҳои замин кори низомнок пеш бурда мешавад. Соли ҷорӣ дар бораи ҷудо кардани заминҳои кишоварзӣ дар асоси тендери кушод, хусусигардонии заминҳои ғайрикишоварзӣ тавассути савдои музояда қонун қабул гардид.

    7 сентябри соли 2020 Президент ба Фармон "Дар бораи чораҳо оид ба куллан такмил додани низоми ба ҳисоб гирифтани замин ва кадастрҳои давлатӣ" имзо кард. Мувофиқи он Агентии кадастри назди Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон созмон дода шуд. Фармон дар баробари навгониҳои зиёди дигар, оид ба қайди объектҳои кадастрҳои давлатӣ ва ворид кардани онҳо ба Системаи миллии иттилоотии ҷуғрофӣ вазифаҳоро муайян намуд.

    Ҳамин тариқ, аввалин бор дар таърихи Ӯзбекистон ба ҳисобгирии пурраи заминҳои хоҷагии қишлоқ гузаронда мешавад. То имрӯз харитаҳои электронии 23 миллион гектар ин гуна замин тартиб дода шудаанд. Аз ин 22 миллион гектараш расман ба қайд гирифта шудааст.

    Илова бар ин, дар базаи кадастрӣ 412 ҳазор объекти амволи ғайриманқул ба қайд гирифта шуда, арзиши кадастрии 478 ҳазор объект аз нав дида баромада шуда, дар онҳо биноҳои иловагӣ муайян карда шудаанд.

    Аммо дар рафти инвентаризатсия бисёр камбудиҳо ошкор мешаванд. Масалан, дар байни маълумоти бақайдгирии электронии заминҳои кишоварзӣ ва маълумоти фонди замин, ки дар шакли коғаз нигоҳ дошта мешуданд, номувофиқатӣ вуҷуд дорад.

    Ғайр аз ин, дар кадастри роҳҳо, иншоотҳои таъминоти электр, таъминоти газ, хоҷагии об, кабудизоркунӣ, участкаҳои назди биноҳои истиқоматӣ бисёр мушкилот мавҷуданд.

    Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳанӯз бисёр корҳоро анҷом додан лозим аст.

    Дар маҷлис ба ин муносибат вазифаҳои муҳими оянда муайян карда шуданд.

    Пеш аз ҳама, таъкид шуд дар маҷлис, баҳисобгирии заминҳои хоҷагии қишлоқ то 1 апрели соли оянда анҷом дода шавад. Барои ин тоифаи 2,7 миллион гектар заминро дар баланси замин аниқ кардан лозим аст.

    Вазифа гузошта шуд, ки бақайдгирии давлатӣ гузаронида, танҳо баъд аз он 80 ҳазор гектар замин, ки дар соли оянда ба аҳолӣ ба иҷора дода мешавад, ба озмун гузошта шавад.

    Дар минтақаҳо бисёр заминҳои ғайрикишоварзӣ вуҷуд доранд, ки аз онҳо самаранок истифода бурда намешаванд. Масалан, зиёда аз 10 миллион гектар дар ихтиёри Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал, 820 ҳазор гектар дар системаи Вазорати хоҷагии об, 450 ҳазор гектар замини атрофи роҳҳои автомобилгард мебошад. 3 миллиону 300 ҳазор гектар дар захираи ҳоки-миятҳо қарор дорад.

    Сарвари давлат ба зарурати таҳияи харитаи электронии ин заминҳо ва сабти номи моликияти давлатӣ таъкид кард.

    Қайд карда шуд, ки ҳудудҳои шафати роҳҳои дохилӣ ва биноҳои бисёрошёнаро барои истифодаи доимӣ додан мумкин аст.

    Мушкили дигар ин аст, ки дар баланси замин майдони фонди манзили аҳолӣ 223 ҳазор гектар нишон дода шуда, дар воқеъ аз 1 миллион гектар зиёд аст. Вобаста ба ин, супориш дода шуд, ки объектҳои амволи ғайриманқул инвентаризатсия карда, харитаи электронии онҳо таҳия ва дар платформаи онлайн дар дастрасии умум ҷойгир карда шаванд.

    Инчунин оид ба беҳтар намудани базаи моддию техникии идораҳои кадастрӣ ва навсозии таҷҳизоти онҳо супоришот дода шуданд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates