Муассисаҳои тиббӣ дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз чӣ гуна кор хоҳанд кард?

    Тандурустӣ 21 Mart 2024 2467

    Вазорати тандурустии Ӯзбекистон хабар дод, ки муассисаҳои тиббии Ӯзбекистон дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз аз 21 то 24 март шабонарӯзӣ кор хоҳанд кард.

    Дар ин рӯзҳо зиёда аз 40 ҳазор нафар коркунони муассисахои тиббӣ навбатдорӣ мекунанд. 1257 поликлиникаи серсоҳа ва оилавӣ, 1080 маркази тиббии оилавӣ, 1002 пункти тиббии маҳаллаҳо, беморхонаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, марказҳои тиббии махсусгардонидашуда, инчунин дармонгоҳҳои донишгоҳҳои тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

    Илова бар ин, дар назди Маркази ҷумҳуриявии илмии ёрии таъҷилии тиббӣ, 13 филиали он дар минтақаҳо, 181 шӯъбаи ёрии таъҷилӣ дар ноҳияҳо, инчунин дар марказҳои байниноҳиявии ҷароҳатҳои омехта ва бемориҳои шадиди рагҳо духтурон ва ҳамшираҳои шафқат шабурӯз кор хоҳанд кард.

    Дар саросари кишвар 2 755 гурӯҳи тиббии таъҷилӣ ба зангҳои таъҷилӣ фиристода мешаванд. 227 таваллудхона ва 245 муассисаи табобатии бачагона низ корашонро пайваста идома хоҳанд дод. Зимнан зикр мегардад, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд тавассути телефони маркази ҷумҳуриявии 1003 мушкилоти худро ҳал карда, ба саволҳои ба тибб алоқаманд аз мутахассисони соҳибихтисос посух гиранд.

    Идора ба ҳамаи кормандони соҳаи тиб, ки дар рӯзҳои ид корашонро идома медиҳанд, изҳори сипос намуд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates